Ралик

Ралик ҳам ҳоҷӣ мешавад?

Масъули ютубканали “Барори кор” наворе нашр карда, ба обуначиҳояш, мухлисони Ралик ва ҳаводорони “баттл” гуфт, ки муҳорибаи сухан ё “баттл” миёни Ралик ва Шнапс новобаста ба хабарҳои охир доир мегардад.

Чанд рӯзи охир Ралик бо блогери дигар бо номи Салоҳ ҳамкорӣ дорад ва хабари тарки рэп кардану ба ҳаҷ рафтанаш баромада истодааст. Аз он ҷумла ба рэпсаро пешниҳод карданд, ки агар аз гузаронидани “баттл” даст кашад, омодаанд ҳам пули “баттл”-ро диҳанду ҳам аз ҳисоби худашон ҳаҷи умра бурда оранд.

Ралик то ҳол барои тарки рэп ва рафтан ба ҳаҷ розӣ шудааст, вале барои бекор кардани муҳорибаи сухан не. Ӯ омодааст, ки пас аз “баттл” ба корномаи рэпсароии худ нуқта гузошта, ҳаҷ равад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30-юми апрел дар Русия “баттл” миёни ду рэпсарои маъруф Ралик ва Шнапс баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *