Дуздии пули барқ се нафарро пушти панҷара бурд

ВКД ҳафтаи равон аз боздошт ва боз кардани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи се корманди шабакаҳои барқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, корманди боздоштшудаи шабакаҳои барқи Ҷалолиддини Балхӣ сокини 46-солаи ноҳияи Кӯшониён буда, “давоми солҳои 2024 ва 2025-ум 58 ҳазору 750 сомонӣ маблағи барқро аз аҳолӣ ҷамъоварӣ карда, танҳо 8 ҳазору 797 сомониашро ба суратҳисоби ташкилоти барқ гузаронида, боқимондаро азхуд ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст”.

Ду корманди дигари шабакаҳои барқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, яке роҳбари тиҷоратӣ ва дигарӣ нозир буда, дар солҳои 2024-2025 “аз 68 нафар муштарӣ 70 ҳазору 661 сомонӣ барои истифодаи қувваи барқ ҷамъоварӣ карда, танҳо 38 ҳазору 366 сомониро ба суратҳисоби шабакаҳои тақсимоти барқ гузаронида, боқимондаро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд”.

Гуфта мешавад, ки алайҳи гумонбаршавандаҳо тибқи моддаи 245, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ то 6 соли зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *