Килиан Мбаппе

Эҳтимол Мбаппе ба “Реал Мадрид” гузариш мекунад

Дар мавсими трансферии имсола хабари гузариши ҳамлагари мунтахаби Фаронса ва бошгоҳи “ПСЖ” Мбаппе ба дастаи “Реал Мадрид” дар сархати расонаҳо аст. Яке мегӯяд имрӯз гузариш мекунаду дигаре пагоҳ, сеюмӣ охири моҳ мегӯяду чорумӣ хабар медиҳад, ки ин гузариш намешавад.

Аммо мувофиқи хабарҳои охирин Мбапперо роҳбарияти бошгоҳи “ПСЖ” бо эҳтимоли зиёд ба дастаи “Реал Мадрид” то охири моҳ мефурӯшанд ва футболбоз ситораи нави тими шоҳона мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Мбаппе дар аввал мехост як мавсими дигар дар ҳайати “ПСЖ” ҳунарнамоӣ кунад ва мавсими оянда ҳамчун футболбози озод бидуни пули ҳангуфт ба “Реал Мадрид” гузариш кунад, вале роҳбарияти бошгоҳи “ПСЖ” зидди ин тасмим баромада, ба ӯ муҳлат доданд, ки ё шартномаашро дароз мекунад ва ё имсол фурӯхта мешавад, зеро онҳо намехоҳанд ин футболбози гаронарзишро ройгон ба “Реал Мадрид” диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *