Зулайхо Маҳмадшоева

Зулайхо “одами тиллоӣ” шуд

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони тоҷик бо ҷоизаи “Одамони тиллоӣ” сарфароз шуд.

Ӯ ин ҷоизаро ба хотири дастовардҳо ва фаъолияти муваффақаш дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, аз ҷониби шабакаи “Millionaire concept” ба даст овард. Дар ин маросим шахсиятҳои маъруфи дигар кишварҳо низ иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон танҳо Зулайхо Маҳмадшоева ширкат намуду соҳиби ҷоиза шуд.

Ҷоизаи «Golden People» байналмилалӣ буда, барои дастовардҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва тиҷорат, фарҳангу ҳунар, тиб ва варзиш, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дода мешаванд. Ташкилкунандагони лоиҳа дар Озарбойҷон Агил Мамиев ва Ламан Мирталибли буданд.

Ҷоизаи мазкур дар саросари ҷаҳон ба одамони касбу кори гуногун дода мешавад. Ин гуна лоиҳа бори чорум дар Озарбойҷон амалӣ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *