Талабот 60 000 –истеҳсол 20 000 тонна. Оши беравған хуред!

Нархи ҳама чиз боло меравад. Гӯшт, шакар, равған… Шаҳрвандон ба осмон менигаранд. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо,  раисони шаҳру ноҳияҳо куҷо менигаранд?

Нарх як баробар зиёд шуд

Аслан, умдатарин маводи ғизоӣ барои мардуми Тоҷикистон аз соли равон ва ниҳоят  ҳафтаи охир як баробар гарон шуд. Айни замон дар бозорҳои Тоҷикистон як литр равған  аз 25 сомонӣ болотар  фурӯхта мешавад. Дар мавриди баланд шудани нархи равған, харидорон аз фурӯшандаҳо шикоят мекунанду фурӯшандаҳо дар навбати худ аз воридкунандаҳои ин маводи ғизоӣ.

Моҳира, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, арзиши як литр равғани растанӣ  ин шабу рӯз дар бозорҳои Душанбе  24-26 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз моҳи Рамазон ҳамагӣ 15-16 сомонӣ буд. Нархи равғани пахта ҳам қариб ба равғани офтобпараст баробар  аст.

“Як литр равған якбора то 10 сомонӣ баланд шуд. Дар шароити  кишвари мо ин гуна нархҳо хеле гарон аст. Бисёриҳо  имкони хариданро надоранд, зеро бо маошу нафақа рӯз мегузаронанд. Мегӯянд, ки  корхонаҳои зиёди равғанбарорӣ кушодем. Куҷост истеҳсоли худамон, ки арзон харидорӣ кунем?”, — нигаронӣ дорад Моҳира. Аммо фурӯшандаҳои равған изҳор менамоянд, ки ширкатҳои воридкунанда, ин навъи маводи ғизоиро бо нархи баландтар ба онҳо дастрас мекунанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон  ба истеъмоли равғани растанӣ 60-70 ҳазор тонна мебошад. Аммо истеҳсоли он   аз 20 000 тонна бештар нест.

Ҳоло  дар Тоҷикистон беш аз 80  корхонаи равғанбарорӣ фаъолият дорад, аммо талаботи аҳолиро пурра бо равғани худӣ таъмин карда  наметавонанд. Бинобар ин, Тоҷикистон дар масъалаи воридоти равған бештар вобастаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Қазоқистон, Россия, Арабистони Саудӣ мебошад.

Посухи Хадамоти зиддинҳисорӣ

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” омилҳои асосии болоравии нархи равғанро аз масъулини Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон пурсид.  Бино бар иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, воридкунандагони асосии маҳсулоти равған  ҶДММ “ТаджЭро” (15,0%),ҶДММ “Сифат сохтмон” (12,1%), ҶДММ “Саноат ва Сохтмон” (7,8%), ҶДММ “Некроҳ — 2014” (6,8%), ҶДММ “Комёр Б” (7,3%), ҶДММ “Кашмир” (5,3%) ва дигар субектони хоҷагидор (45,7%) ба ҳисоб мераванд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 50,5% ба  Қазоқистон, 44,2% ба Россия, 4,9% ба Озорбойҷон ва 0,4% ба дигар давлатҳо рост меояд.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ 6,7 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 0,4 ҳазор тонна ё 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳвилкунандагони асосии равғани растанӣ ба ҷумҳурӣ Россия ва Қазоқистон ба шумор мераванд. Агар дар ду моҳи соли ҷорӣ нархи воридотии як тонна равғани растанӣ аз Россия 888  долларро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар се моҳаи соли ҷорӣ ба 1 054 доллар  баробар  шудааст.

“Ба санаи 16 апрели соли 2021 нархи як литр равғани растанӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе аз 18 то 24 сомонӣ, вилоятҳои Суғд аз 21 то 23 сомонӣ, Хатлон аз 21 то 23 сомонӣ ва ВМКБ аз 22 то 23 сомониро ташкил медиҳад. Нархи ин намуди маҳсулот дар бозорҳои шаҳри Душанбе нисбат ба моҳи гузашта аз 2 то 4 сомонӣ ё мутаносибан ба 12,5 ва 20 фоиз афзоиш ёфтааст. Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти коҳишёбии ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ва афзоишёбии нархи ин намуди маҳсулот дар давлатҳои таҳвилдиҳанда, дар ин давраи таҳлилӣ афзоишёбии қурби асъори хориҷӣ низ нисбат ба пули миллӣ (сомонӣ) ба мушоҳида мерасад. Агар ин нишондод ба санаи 16.04.2020  – 10,2489 сомонӣ ба 1 доллари ИМА – ро ташкил дода бошад, пас он ба санаи 01.01.2021  ба 11,30 сомонӣ ва ба санаи 16.04.2021 то ба 11,32 сомонӣ  баробар шудааст, ки дар ин маврид афзоиши он мутаносибан аз 0,177 то 10,50 фоизро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, болоравии нархи 1 кг чигити техникӣ нисбат ба моҳи апрели соли гузашта аз 1,0 то 1,7 сомонӣ (аз 3,0 то 4,0 сомонӣ дар мохи апрели соли 2020 ва аз 4,7 то 5,0 сомонӣ дар моҳи апрели соли 2021)  ё мутаносибан 33,3 ва 42,5 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ба арзиши аслии рағани истеҳсолӣ низ таъсиррасон мебошад.

Масалан, барои истеҳсоли 1 кг равғани пахта 8,33 кг чигити техникӣ лозим мебошад, ки нархи 1 кг он ба 5,0 сомонӣ ва мутаносибан арзиши он ба 41,5 сомонӣ баробар мешавад. Аз маблағи мазкур 14,53 сомонӣ ба арзиши равған ва 26,97 сомонӣ ба фурӯши кунҷора равона карда мешавад.

Дар натиҷа арзиши 1 кг равғани растанӣ  (пахта) бо назардошти болонархӣ ва дигар хароҷотҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла хароҷоти қувваи барқ, хароҷоти нақлиёт, музди меҳнат ва пардохтҳои иҷтимоӣ ва дигар хароҷотҳои сертификаткунонию борпечонӣ (5,09 сомонӣ ё 35,0 фоиз аз арзиши аввала) ба 19,62 сомонӣ (14,53+5,09) бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда баробар мешавад.

Дар натиҷа бо истифода аз коэффисиент барои аз кг ба литр гардонидан, ки баробар ба 0,925 мебошад, арзиши 1 литр равғани пахтаи истеҳсолӣ 18,15 сомонӣ ё бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ба 21,41 сомонӣ баробар мешавад.

Дар маҷмӯъ омилҳои болозикр ба афзоиши нархи равғани растанӣ дар даҳаи аввали моҳи апрел замина гузоштааст”-мегӯянд масъулини Хадамот.

Аз куҷо равған ворид мешавад?

Дар асоси маълумоти гумрукӣ,  давоми се моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 20,6 ҳазор тонна равғани растанӣ бо нархи миёнаи 1 054,0 доллар ба як тонна (197,0 доллари ИМА нисбати соли 2020 афзоиш ёфтааст) ворид карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 2,7 ҳазор тонна ё 11,6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Асосан, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли равон сар зад. Он шабу рӯз  мардум дар изтироб афтоданд, ки ин пайомади хуб надорад. Метавонад дар моҳи шарифи Рамазон боз ҳам болотор равад. Ҳаминтавр ҳам шуд. Нархи маҳсулоти  аввалияи мардум, аз ҷумла, равған дар бозорҳо каланванда аст. Имрӯз як нарх, пагоҳ нархи дигар.  Аммо  илоҷе нест,  мардум маҷбуранд, ки ба ҳар арзише бошад, харидорӣ кунанд. Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории   назди Ҳукумати Тоҷикистон таъкид мекунад, ки имрӯз нарх дар дигар давлатҳои воридкунанда низ баланд аст.

«Дар бораи афзоиши нархи равған дар шабакаҳои иҷтимоии мамлакат шикоятҳо карданд, ки баланд шудааст, бале он дар ҳақиқат боло рафтааст. Истеҳсоли равғани мо бештар аз пунбадона аст, ки нархи он низ 1 сомонӣ боло рафтааст. Қурби асъори миллӣ миёни як сол то 16 фисад боло рафт. Ин ҳама омилҳое ҳастанд, ки ба тамоми соҳаҳо таъсир мерасонанд, зеро дар хориҷа ҳама маҳсулот бо доллар харидориву дар дохил бо асъори миллӣ фурӯхта мешаванд», — иброз намуд Абдулмаҷид Муминзод.

Пешниҳод ба Ҳукумат

Лаззат Диловаров, корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегӯяд, ки мо мусобиқаи нарх не, балки мусобиқаи фаровонии истеҳсолоти кишоварзӣ доштанамон зарур аст. “Кадом соҳаи пешрафтаи истеҳсолоти кишварро метавон дар 20 соли охир ном бурд?

Тамоми соҳаҳо фалаҷ аст, бо боло бурдани нарх наметавон пеши рохи фалаҷшавии истеҳсолотро гирифт. Барои пешрафти истеҳсолот мутахассис лозим аст. Истеҳсолотро аз «кризис» мутахассис берун меорад. Давлатро зарур аст, ки заминро барои 5 сол ба иҷоракор диҳад, агар иҷоракор дар давоми ду сол ба пешрафти истеҳсолӣ муваффак нашуд, иҷора бекор карда шавад. Хоҷагиҳои деҳқонии муштарак ташкил намуда, садҳо -ҳазорон иҷоракор ба он аъзо карда шаванд. Иҷоракорон  аз ҳамаи намуди андоз озод карда шаванд. Деҳқонони иҷоракор бо ҳама намуди доруи минералӣ таъмин карда шаванд. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба давлат супорида шавад, ба истеҳсолотчиён маош муқаррар карда шавад, фақат ҳамин роҳ сабаби боло бардоштани истехсолоти кишоварзӣ мегардад.

Дар заминҳои обӣ сохтмони манзил фавран қатъ гардонда шавад.

Сохтмони манзилу мактаб танҳо дар заминҳои ғайрикишоварзӣ ва дар асоси нақшаи ягонаи серошёна бо маблағи саҳомон сохта шавад.

Тоҷикистон камзамин аст, тақсиму тороҷи замин боиси оқибатҳои нохуши сокинони муқимии кишвар хохад шуд”.

Дар маҷмӯъ,  айён аст, ки Тоҷикистон дар равғани растанӣ  пойбанди воридот аст. Ҳарчанд солҳои охир чанде аз корхонаҳои равғанбарорӣ ба кор даромада бошанд ҳам, аммо онҳо мавсимӣ мебошанд.

Дар ростои болоравии нархи равған масъулини ниҳодҳои блоки иқтисодиро зарур аст, ки ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. 

Аз  воридоти равған боҷи гумрукӣ наситонанд. Он вақт нарх арзон мешавад. Вагарна бо ин гуна ҷаҳишҳои сунъӣ ва табиӣ ҷайби тиҳии мардум тиҳитар мешавад.

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *