Элбасиро хат заданд. Қазоқистон ба ҷонибдории тағйирот дар Конститутсия овоз дод

Рӯзи якшанбе, 5-уми июн дар Қазоқистон раъйдиҳӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шуд. Дар воқеъ, сеяки қонуни асосии кишвар таҳрир шуд — ба 31 модда 56 тағйирот ворид гардида, 2 моддаи нав ба миён омад. Аммо овоздиҳӣ на барои ҳар як ислоҳ алоҳида, балки барои тамоми маҷмуа якбора сурат гирифт. Дар натиҷа, 77 дарсади қазоқистониён ҳамчун ҷонибдор овоз доданд.

Бисёре аз меъёрҳо таҳрир мешаванд

Айгул Куспан, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти парлумон гуфт, ки «масоили барҳам додани ҳукми қатл дар Қазоқистон ва ислоҳот дар мавриди он, ки замин ва сарватҳои зеризаминии кишвар ба мардум тааллуқ доранд, пурбаҳстарин буданд».

Дигар тағйироти ҷиддӣ ин аст, ки дар таҳрири нав мақоми «Президенти аввал» ва «Элбаси» (Пешвои миллат) комилан ҳазф карда шудааст. Пас аз ворид шудани ислоҳот, раисиҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоев аксари имтиёзҳои шахсии бар асоси қонуни конститутсионӣ дар бораи президенти нахустини кишвар ба даст овардаашро аз даст медиҳад. Гузашта аз ин, бисёре аз “меъёрҳои президентии назарбоевӣ» таҳрир карда мешаванд.

«Мо аз ҷумҳурии суперпрезидентӣ ба ҷумҳурии сирф президентӣ бо тақвияти нақши парлумон мегузарем,- гуфт дар мулоқот бо хабарнигорони хориҷӣ котиби давлатии ин кишвар Ерлан Карин.- Аввалан, президент дигар наметавонад узви ягон ҳизби сиёсӣ бошад. Эҳтимол барои дигар кишварҳои демократӣ, вақте ки президент ягон ҳизбро намояндагӣ мекунад, ин чизи муқаррарӣ аст. Аммо мамлакати мо хусусиятҳои ба худ хоси системаи сиёсӣ дорад. Ин ислоҳот ба хотири аз байн бурдани монополияи як ҳизб дар Қазоқистон ворид шудааст (дар кишвар 6 ҳизб расман сабти ном шудаанд, аммо «Амонат» ҳизби ҳокими тарафдори президент аст). Сониян, наздикони президент дигар наметавонанд дар бахшҳои давлатӣ мансабҳои баланд дошта бошанд. Албатта, дар ин бора андешаҳои гуногун вуҷуд доштанд, мисли он ки оё ин нақзи ҳуқуқи наздикони президент нест? Агар ягон нафаре аз онҳо сазовори мансаби давлатӣ бошад, чаро ӯро ба сари қудрат наорем? Бале, шояд ин поймол кардани ҳуқуқи онҳо бошад… Аммо дар он ҷо ҳам вазъият таврест, ки дар ҳизб аст. Мо бояд анъана ва вижагиҳои кишварамон, таърихи онро ба назар гирем… (Тавре маълум аст, бештари хешовандони Нурсултон Назарбоев, ки 29 сол дар кишвар ҳукмронӣ кард, дар вазифаҳои роҳбарикунанда буданд ё дар ширкатҳои давлатӣ кор мекарданд). Ҳадафи ин ду ислоҳот аз байн бурдани монополия ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам иқтисодии Қазоқистон аст”.

Тағйироти дигари маҳдудкунандаи ваколатҳои президентӣ низ вуҷуд доранд.

“Агар қаблан раисиҷумҳур ҳар вақт метавонист раиси ноҳия, шаҳр, деҳотро аз вазифа барканор ё ягон қарори ӯро бекор кунад, ҳоло ин муқаррарот аз Қонуни асосӣ хориҷ карда шудааст,- гуфт муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Роман Василенко.- Илова бар ин, қаблан ҳокимони вилоятҳо, шаҳрҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва пойтахт ба таври ғайриалтернативӣ — як номзад президент интихоб мешуданд. Акнун сокинон яке аз ду (ҳадди ақал) номзади пешниҳодшударо интихоб хоҳанд кард. Ҳамзамон, ба мисли президент, ҳокимон дигар наметавонанд узви ягон ҳизби сиёсӣ бошанд».

Ба парлумон ваколати бештар, ба шӯроҳо пули зиёдтар

Гуфта мешавад, ки дар пайи ислоҳот чанд тағйироти ҷиддӣ ба миён меояд:

— Нақш ва мақоми палатаи поёнии парлумон (маҷлис) тағйир меёбад. Акнун он қонунҳо мебарорад (пештар лоиҳаҳоро баррасӣ ва тасдиқ мекард) ва Сенат онҳоро тасдиқ ё рад мекунад (пеш Сенат қонунҳоро қабул мекард). Дар баробари ин, вакилон аз рӯи системаи омехтаи интихоботӣ — намояндагии мутаносиб дар ҳудуди округи ягонаи умумидавлатӣ, инчунин дар округҳои ҳудудҳои якмандатии интихоботӣ интихоб карда мешаванд.

— Барои он, ки мақомоти худидоракунии маҳаллӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил бошанд, ба онҳо маблағ зарур аст. Бинобар ин, механизми маблағгузории бевоситаи буҷети маҳаллӣ ҷорӣ карда мешавад.

— Ба ҷои Шӯрои конститутсионӣ Суди конститутсионӣ пайдо мешавад.

Ҷумҳурии дуввум. Он чист?

Маҳдуд кардани ваколатҳои президентӣ, кам кардани имтиёзҳо… Чунин ба назар мерасад, ки ин ба президенти феълӣ чаро лозим аст? Дар ин бора худи раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомард Тоқаев чунин мегӯяд: “Тағйиру иловаҳо аслан маънои гузариши Қазоқистон ба модели сифатан нави ташаккул ва ҳамкории ниҳодҳои давлатиро дорад. Барои дарки равшантар ман ин модел, ин равандро ҳамчун ҷумҳурии дуввум таъин кардам. Мутобиқи парадигмаи нав ваколатҳои президент коҳиш ёфта, нақши парлумон ва маслиҳатҳо ба таври назаррас тақвият дода шуда, иштироки шаҳрвандон ба таври назаррас васеъ гардида, соҳаи ҳуқуқи инсон мунтазам таҳким меёбад. Ҷумҳурии дуввум маънои марҳилаи нави таърихи Қазоқистонро дорад».

Элбаси чӣ гуна овоз дод?

Рӯзи 5-уми июн соати 8-и субҳ рӯзноманигорони хориҷиро ба ҳавзаҳои интихоботӣ бурданд, то бо чӣ гуна сурат гирифтани овоздиҳӣ дар мавриди ислоҳот шинос шаванд (он соати 7 оғоз шуда, то соати 20 давом кард).

«Ба ман хеле писанд омад, ки замин ва сарватҳои зеризаминӣ тибқи Конститутсия акнун аз они мардум хоҳанд буд. Ин тасмими дуруст ва одилона аст”,- мегӯяд Армани 57-сола, ки дар яке аз деҳаҳои вилояти Акмола зиндагӣ мекунад.

Соати 10:30 худи Элбаси ба Театри опера омад. Назарбоев бюллетени овоздиҳиро ба қуттӣ партофт ва бидуни шарҳу эзоҳ ба матбуот, дастафшон участкаи интихоботиро тарк кард.

Татяна БОГДАНОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *