Сафири ИМА занони тоҷикро табрик кард

 Ман барои тамоми бонувони Тоҷикистон дар ин рӯзи хос саломатӣ, хушбахтӣ ва гулгулшукуфӣ таманно дорам. Моҳи мартро дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун Моҳи таърихи занон мешиносанд. Дар ин моҳ толибилмон он нақши амиқеро, ки занон дар ҳаёти Амрико гузоштаанд, меомӯзанд. Набераи шашсолаи ман чанде пеш лоиҳаи мактабии худро ба ман фиристод, ки аз ҷузъиёти муваффақиятҳои собиқ вазири умури хориҷӣ хонум Кондолиза Райс нақл мекунад.

Занон нақши боризи худро на танҳо дар Амрико, балки дар саросари олам гузоштаанд ва имрӯз мо имкон дорем, ки аз хидмати заноне, ки таърихи имрӯзаро меофаранд, қадршиносӣ кунем. Намунаҳои чунин созандагони таърих хеле зиёданд: онҳо пешоҳангони соҳаи худ ҳастанду кореро анҷом додаанд, ки пеш аз онҳо касе анҷом надода буд. Дигарон, агарчи ноаён бошад ҳам, дар пешрафти хонаводаву ҷомеа ва иқтисодиёти кишварашон саҳми арзанда мегузоранд. Ман бо чунин занони соҳибирода дар саросари Тоҷикистон мулоқотҳо доштам ва ифтихор аз он дорам, ки сафорати ИМА бо аксари онҳо ҳамкорӣ мекунаду барояшон имкон фароҳам меоварад, то зиндагиро дар ҷомеаҳояшон беҳтар кунанд.

Дар тамоми дунё занон дучори табъиз ҳастанду маоши пасттар мегиранд. Дар Тоҷикистон низ аксари занон дар набудани шавҳарашон бо чунин мушкилиҳо дучор меоянд. Ҳамчун зане, ки чанд вақт пеш ҳамсарамро аз даст додаам, дарди он занони танҳоро ман хуб ҳис мекунам ва нисбати занони тоҷик эҳтироми хоса дорам, ки на танҳо хонаводаашонро саробонӣ мекунанд, балки ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб гардида, ба фарзандонашон имконияти хуби таҳсилро фароҳам меоваранд. Ин занон воқеан ҳам қаҳрамонанд.

Чанде пеш ман ба вилояти Хатлон сафар доштам, ки дар он ҷо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) ба заноне, ки хоҳиши сохибкорӣ доранд, кӯмак менамояд. Соли гузашта USAID зиёда аз 4500 занони кишоварз ва соҳибкорро бо давраҳои омӯзишӣ фаро гирифт. Дар ин тренингҳо занон на танҳо роҳҳои шурӯъ кардани соҳибкориро омӯхтанд, балки ҳамчунин имкон пайдо карданд, ки бо ҳаммаслакони худ аз дигар гӯшаву канори мамлакат робита барқарор кунанду аз таҷрибаву муваффақиятҳои ҳамдигар таҷриба андӯзанд. Барои ман муҷиби ифтихор аст, ки дар яке аз чунин марказҳои омӯзиши атласбофӣ бо Роҳила ном зане вохӯрдам. Роҳила ба ман дар бораи кӯдаконаш нақл кард ва гуфт, ки то куҷо ин имкониятҳо барои оилаи ӯ муҳим мебошанд. Ӯ ҳатто сайъ кард, ки ба ман атласбофиро омӯзонад.

Ҳамчунин, ман бо дигар занони соҳибкор вохӯрдам, ки бо либосдӯзиву ниҳолпарварӣ машғуланд; ҳатто занеро дидам, ки сарторошхонаи мардона кушодааст. Ҳамаи ин занони боиродаю боғайрат зиндагии оилаашонро беҳтар мекунанд ва Иёлоти Муттаҳида ифтихор дорад, ки ба ин кори онҳо мусоидат менамояд.

Ман мехоҳам ба занони Тоҷикистон ва тамоми дунё муроҷиат намуда, гӯям, ки шумо метавонед ҳаёти на танҳо оилаи худ, балки маҳалли худ ва тамоми ҷомеаро беҳтар кунед. Занони тавоно оилаи тавоно барпо мекунанд ва оилаи тавоно роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон ва ҷомеаи шукуфон мебошад.

Ёддошт дар бораи муаллиф: Элизабет Миллард сафири ИМА дар Тоҷикистон мебошад. Қабл аз ин ӯ дар Вашингтон дар дафтари Котиби давлатӣ Ҷон Керри фаъолият намудааст. Пештар хонум ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар ш. Остона, Қазоқистон ва сардори Консулгарии генералии ИМА дар ш. Касабланка, Марокаш фаъолият кардааст. Хонум Миллард фарзанди корманди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, дар мамлакатҳои хориҷӣ ба воя расидааст. Ӯ дар макотиби Дания, Шветсия ва Тунис таҳсил кардааст. Хонум дар Донишкадаи иқтисодии Лондон таҳсил кард ва Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинсро хатм намудааст. Хонум Миллард ва ҳамсари марҳумаш соҳиби панҷ фарзанд ва шаш набера ҳастанд. Дар вақти холиаш ӯ бо пухтани хӯрок, машқҳои варзишӣ, мутолиаи китоб ва гӯш кардани мусиқӣ машғул аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *