Елизаветаи II боз соҳиби набера мешавад

Маликаи Британия Елизаветаи II баҳори соли оянда соҳиби боз як набераи дигар хоҳад шуд. Шоҳзодаи Британия Ҳарри ва ҳамсари ӯ — ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл нахустин бачаи худро интизоранд. Кӯдак баҳори соли 2019 таваллуд мешавад ва дар навбати расидан ба тоҷу таҳт дар ҷойи ҳафтум қарор мегирад.

Маросими никоҳи Ҳарри ва Меган моҳи майи соли равон дар қасри Виндзор баргузор шуд ва баъди издивоҷ Малика ба онҳо унвони «гертсог»-ро тақдим кард. Меган 36 сол дорад ва ин дуюмин издивоҷи ӯст. Ӯ аввалин ҳунарманд ва амрикоии дорои решаҳои африқоӣ аст, ки бо шоҳзодаи Британия издивоҷ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *