Имрӯз -рӯзӣ занони деҳот

Зиндагӣ ва шароити занони деҳот баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ хеле боло рафтааст.    Бояд гуфт, ки вобаста ба фаъолияти соҳибкории занҳо дар кишвар як зумра қарору фармонҳо, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасии занони деҳот ба замин» ба бонувони  деҳотӣ имкониятҳои бештар фароҳам овардаанд.

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири беҳтар намудани шароити занон дар деҳот 12 феврали соли 2008 қарори махсус қабул намуда, 15  октябрро Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот эълон намуд. Аз ин рӯ  ҳамасола дар ҷаҳон 15  октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот таҷлил карда мешавад.

Тибқи таҳлилҳо, ҳар чаҳорумин нафари аҳолии ҷаҳонро занони деҳот ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин сана  мухбири АМИТ «Ховар» бо мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат МАМАДАЛИЕВА ҳамсуҳбат гардид.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати  аграрӣ буда, тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар қаламрави кишвар  шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 184 ҳазору 187 ададро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо  бештари   занон аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, саҳми замин доранд ва   як қисми хоҷагиҳои деҳқониро  занон сарварӣ мекунанд», — зикр намуд дар суҳбат С. Мамадалиева.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, имрӯзҳо сарварии хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғдро бештар занҳо бар дӯш доранд. Ин ҳолат дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва ВМКБ низ  ба назар мерасад. Занон сарбаландона аз уҳдаи вазифаҳои худ баромада истодаанд.

Бино ба гуфтаи С.Мамадалиева, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон назаррас буда, шароити зисту зиндагии онҳо дар деҳот зина ба зина боло меравад.
Аз соли 2006 инҷониб бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкории занон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд.

Шурӯъ аз соли 2014 ҳамасола 80 лоиҳаи соҳибкорзанони инфиродӣ аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти президентӣ ба маблағи 2 млн сомонӣ дастгирӣ ёфта, барои рушди фаъолияти соҳибкории занон,  таъмини шароити хуби корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳои онҳо мусоидат менамоянд.
«Барои амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо занон дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси корхонаҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ ва  парвариши чорво, боғ, занбӯриасалпарварӣ, паранда ва моҳипарварӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ кор бурда истодаанд. Маҳз ба даст овардани Истиқлолият сабаб гардид, ки занони деҳот майл ба рушд намоянд ва маҳсули офаридаи худро ба бозори меҳнат бароранд», — иброз дошт С.Мамадалиева.

Ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занону бонувони хонанишин, аз оилаҳои камбизоат ва занони танҳо кумита соли равон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корхонаҳои дӯзандагии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замони муосирро ба роҳ монд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 2 корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд», — иброз дошт намояндаи кумита.

Зикр гардид, ки ҳоло аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъол гардонидани нақши занон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо 110 марказ фаъолият доранд.

Масъулини онҳо аз зиндагии бонувон бохабар гардида, баҳри дастгирии занони деҳот дар бахши соҳибкорӣ пайваста кумак мерасонанд.

Бознашри маводи Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
аз АМИТ «Ховар»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *