Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҳиндустон изҳори тасаллӣ кард
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух дод, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар он аз ҷумла омадааст:
«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамони дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир боиси андӯҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид.
Мо ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ боз ҳам таъкид менамоем.
Ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми Ҳиндустони дӯст изҳор менамоям. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил мехоҳам».
Бино бар маълумоти ахир бар асари ҳамлаи ҷангҷӯён дар мавзеи сайёҳии Пахалгами Ҳиндустон, воқеъ дар қаламрави иттифоқии Ҷамму ва Кашмир 27 нафар ҳалок гардид.
Ба иттилои расонаҳои Ҳиндустон, одамони зиёде маҷруҳ шудаанд. Дар байни гурӯҳҳои сайёҳоне, ки дучори ҳамла шуданд, занон ва пиронсолон низ будаанд.
Мақомоти Ҳиндустон ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ