Эмомалӣ Раҳмон «Ашан»-ро ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 21 инюн фурӯшгоҳи бузурги тиҷоратии «Ашан»-ро ифтитоҳ кард.

Дар ин хусус Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки биное, ки дар он фурӯшгоҳи «Ашан» фаъолият мекунад, дар бинои «Душанбе мол» ҷойгир аст ва он аз тарафи ширкати «Евразия» сохта шудааст.

Ин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон бо ҳимояти ҳамаҷонибаи “Шивер Интернешнл” сохта шудааст. Ин ширкат дар кишварҳои дар кишварҳои гуногуни дунё беш аз 3000 маркази савдо дорад.

Дар шарҳи фаъолияти фурӯшгоҳи «Ашан» Дафтари матбуоти президент таъкид кардааст, ки “барои таъмини фаъолияти гипермаркети “Ашан” дар Маркази савдои Душанбе мол то 400 ҷойи кории нав ва зиёда аз 70 ҷойи корӣ барои раёсати идоракунӣ ташкил карда шуд.»

Бинои Маркази тиҷоратии «Душанбе мол», ки фурӯшгоҳи «Ашан» дар дохилаш ҷойгир аст, аз 4 ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум таваққуфгоҳи пӯшида барои 160 мошин, анбори фурӯшгоҳҳо, хадамоти техникӣ ва утоқҳои кории хизматӣ ҷойгир шудааст.

Қарордоди сармоягузорӣ барои бунёди ин гипермаркет дар ҷараёни сафариСума Чакрабортӣ, мудири Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар соли 2014 дар Душанбе имзо шуд. Гипермаркет ба ширкати “Ашан-Тоҷикистон”, муаасисаи тобеи гурӯҳи Schiever-и Фаронса тааалуқ дорад. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд моҳи ноябри соли гузашта гуфт, ки дар бунёди ин фурӯшгоҳи бузург 5 миллион евро ва ё бештар аз 6 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Ширкати “Шивер” як шарики тиҷоратии “Ашан групп”(Auchan) аст, ки дар Фаронсаву Лаҳистон силсилаи фурӯшгоҳҳои бузурги Ашанро дар даст дорад. Ба гуфтаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, дар Тоҷикистон мардум маҳсулоти ғизоиро дар бозору фурӯшгоҳҳои хурд ва бо қиммати гарон мехаранд ва бо бунёди гипермаркети нав барои онҳо интихоби дигар пайдо мешавад.

Фредерик Лоббев, мудири кулли “Шивер Тоҷикистон”, дар гузашта гуфтааст, ки “ҷорӣ кардани системаи муосири фурӯши чакана барои Тоҷикистон як навъ инқилоб аст ва дар беҳбуди амнияти ғизоии кишвар мусоидат мекунад.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *