Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ”-ро имзо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,чанде пеш  Қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба“Қонун дар бораи забони давлатӣ”-ро имзо кард. Дар асоси он, аз ин пас дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаюовеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ мунташир шуда, нишастҳои матбуотӣ бо забони тоҷикӣ сурат мегиранд.

Қаблан ин қонун аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва тасдиқ шуда  буд.

Мувофиқи тағйирот, ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ” ду моддаи нав илова гардида, ду моддаи дигари мавҷуда дар таҳрири нав пешниҳод шуданд.

Акнун, эълону таблиғ ва ҳамаи матнҳои иттилоотӣ аз боло ва ё аз тарафи чап ба забони давлатӣ, аз пойин ё аз тарафи рост ба забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҷой дода мешаванд. Ҳамчунин, номгузории ташкилоту корхонаҳои хориҷӣ ва муштарак дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба забонҳои дигар низ бо ҳарфҳои баробар ҳуруфгардон ва ё тарҷума мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *