Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуд
Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025, Эрон ба феҳристи панҷгонаи шарикони калидии тиҷоратии Тоҷикистон шомил гардид. Ҳарчанд гардиши мол миёни ду кишвар босуръат рушд мекунад, тавозуни савдо ҳамоно ба фоидаи Эрон нобаробар боқӣ мондааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми савдои дуҷониба дар соли 2025 ба 483,9 млн доллар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 (377,7 млн доллар) 106,2 млн доллар ё 28% бештар аст.
Дар соли 2025 Тоҷикистон ба Эрон ба маблағи 112,8 млн доллар маҳсулот содир карда, воридот аз Эрон ба 371,2 млн доллар баробар шудааст. Ба ин тартиб, тавозуни манфии савдо 258,4 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар сохтори воридот аз Эрон маҳсулоти нафту кимиё, масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ бартарӣ доранд. Аз ҷумла, воридоти битуми нафтӣ ба 15,4 млн доллар, полиэтилен беш аз 10 млн доллар, полипропилен тақрибан 11,1 млн доллар ва портландсементу клинкер то 12,8 млн доллар арзёбӣ шудааст.
Дар бахши маҳсулоти ғизоӣ воридоти матса ба 3,2 млн доллар, қанди сафед ба 3,3 млн доллар, инчунин афлесун (2,6 млн доллар) ва кивӣ (зиёда аз 2 млн доллар) ҷойгоҳи намоён доранд. Ҳамчунин, қатрони нафт (тақрибан 2,5 млн доллар) ва воситаҳои шустану поккорӣ ба маблағи 2,3–2,8 млн доллар ворид шудаанд.
Содироти Тоҷикистон ба Эрон асосан ашёи хом мебошад. Қисми асосиро нахи пахтаи ғознашуда бо ҳаҷми беш аз 74 млн доллар ташкил медиҳад. Инчунин, калобаи пахтагӣ (зиёда аз 480 ҳазор доллар) ва алюминий (тақрибан 95 ҳазор доллар) содир шудааст.
Ҳамзамон, дар соли 2025 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чин, Русия, Узбекистон, Ҳоланд ва Беларус низ афзоиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ