Эрон омори талафот аз ҳамлаҳои Исроилро эълон кард
Мақомоти Эрон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил 224 нафар кушта ва беш аз 1000 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, 90 дарсади қурбониён ғайринизомиёнанд.
🔸Созмони Human Rights Activists in Iran бошад, шумори кушташудаҳоро беш аз 400 нафар арзёбӣ кардааст.
🔹Дар ҳамин ҳол, Исроил мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон 15 нафар кушта ва 400 кас маҷрӯҳ шудаанд.
Низоъ миёни ду кишвар рӯзи 13-уми июн оғоз шуда, ба рӯзи чорум ворид шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ