Файзиниссо: “Бо айби роҳсозон хонаам фурӯ меравад” (видео)

Файзиниссо Ибрагимова се сол боз дар хонаи дар ҳолати сахти садамавӣ қарордошта зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳатто шабҳо аз хавфи фурӯ рафтани хона келину наберагонашро ба хонаи хушдоманаш равон мекунад.

Ба гуфтаи ин зани муштипар, баъд аз сохтани роҳи сохтмонӣ дар маҳаллаи Қаротегини пойтахт аз сабаби аз роҳ паст мондани хонаҳои истиқоматӣ ба ҳавлиаш рӯзҳои боронӣ об ворид мегардад ва имрӯз ё пагоҳ эҳтимол хона ба сарашон фурӯ равад. 

Файзиниссои 49 — сола мегӯяд, ки аз сабаби рутубати зиёд деворҳои хонааш кафида, барои зистан хатарнок шудаанд.

Тавре мушоҳида кардем, ширкати сохтмони роҳ ҳатто роҳи даромади хонаи ин занро вайрон карда, дигарбора таъмир накардааст ва ин зан тӯли се сол мешавад, ки ба тариқи ҳавлии ҳамсоя вориди хонаи худ мешавад.

Номбурда, зимни суҳбат ба www.pressa.tj гуфт:

“Соли 2016 роҳи маҳаллаи моро таъмир карданд, дар гузашта роҳ пастар аз дарвозаҳои ҳавлӣ қарор дошт, аммо баъди таъмир сатҳи роҳ дар баъзе ҷойҳо то 1, 30 метр бардошта шуд, ба ҳамин хотир ҳавлиҳои мо аз роҳ паст монданд ва ҳар гоҳе, ки борону сел шавад, рост ба ҳавлии ман медарояд аз ҳамин сабаб хонаҳоям вайрону валангор шуда, барои зистан хатарноканд. Хонаи ҳамсояҳо ҳам зарар дид ва онҳо худашон таъмир карданд, мо ки шароит надорем, аҳволамон чунин аст”.

Ҳарчанд ин зан барои бартараф кардани мушкили мавҷуда борҳо ба Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат карда бошад ҳам, аммо то ҳол ҳеҷ натиҷае ба даст наомадааст.

Дар ҳавлии Файзинисо Ибрагомова 10 нафар аъзои оилаи ӯ зиндагӣ мекунанд.

Яҳё Маҳмаднабиев,

Мумтоз

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.