Фаъолияти ошхонаи «Султон-2016» муваққатан боздошта шуд
Бо дарназардошти муроҷиату шикоятҳои шаҳрвандон, аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти ошхонаи «Султон – 2016», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Яккачинор 54, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Тибқи натиҷаҳои санҷиш, дар фаъолияти ин ошхона як қатор қонуншиканиҳо ва камбудиҳо ошкор гардиданд.
“Барои риоя накардани қоидаҳои хизматрасонӣ, рафтори дағалона бо мизоҷ, маҷбурӣ пеш намудани мизоҷон аз утоқҳои алоҳидаи ошхона ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани хизматрасонӣ реҷаи кории ошхонаи мазкур бекор карда шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Бо назардошти ин камбудиҳо, фаъолияти ошхонаи мазкур то бартараф намудани пурраи камбудиҳо муваққатан боздошта шудааст.
Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги МИҲД-и шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар ҳолати дучор шудан ба сатҳи пасти хизматрасонӣ, риоя нашудани талаботи санитарӣ ё муносибати нодуруст аз ҷониби кормандони нуқтаҳои хизматрасонӣ, ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.
📞 Телефон барои тамос: 227-19-04
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ