Фарёди хомӯши ҳайкали Ленин

Ленин мисли як шоҳиди хомӯши таърих истодааст. Сояи сангини як давраи гузашта, ки ҳатто биниаш натавонист бар фишорҳои замон устувор монад. Биние, ки шамоли таърих онро канда бурд. Акнун чеҳрааш бе бинӣ, сахту даҳшатовар менамояд, гӯё худи таърих бо панҷаи ноаёни худ онро канда бошад.

Дар як дасташ газетаи «Правда» часпидааст — варақи сангие, ки замоне қарор буд рамзи ҳақиқат бошад. Аммо акнун он «ҳақиқат» мисли оҳани зангзадаест, ки танҳо барои зеб додани ҳайкал мемондааст. Дасти дигараш бошад, оромона дар кисаи шалвораш аст. Маълум нест он ҷо чӣ пинҳон аст — шояд орзуҳои кандашуда, ё мумкин ҳақиқате, ки ҳаргиз рӯи кор наомад.

Агар аз назди ҳайкал гузарӣ, чунин эҳсос мекунӣ, ки худи Ленин мехоҳад чизе бигӯяд, аммо на бинӣ дорад, ки «нафас» гирад, на забон, ки «ҳарф» занад. Танҳо чашмонаш, ки як замон бо шуълаи идеология месӯхтанд, акнун мисли ду нуқтаи хомӯш ба холигоҳи таърих менигаранд.

Ин ҳайкал дигар рамзи идеология нест. На нишонаи қудрат ва на муқаддасоти як давраи фаромӯшшуда. Ин танҳо як ёдгории хомӯш аз шикасти пайкараҳои бузург аст, ки ҳатто таърих онҳоро наметавонад аз рехтани бинӣ наҷот диҳад.

Ҳайкали беҷон акнун як намоди даҳшатбори гузаштаест, ки на бар рӯи оянда мебинад ва на метавонад бӯи замони навро эҳсос кунад.

Ин пайкараи Ленин дар назди бинои собиқ колхози ба номи Ленини ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир аст. Ҳоло ин макон хусусӣ шудаву дигар касе Ленинро эътибор ҳам надодааст. Ин пайкара ҳар фасли сол аз шамоли ҳодиса кам-кам фурӯ мерезад…

Фитрати ҲИКМАТ,

ноҳияи Мастчоҳ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *