Фарзандон мисли гулҳои боғанд

Фарзандро ба гулҳои зебои боғе шабоҳат додаанд, ки агар боғбони хуб бошад, он гулҳо ҳамеша мешукуфанд. Аммо агар боғбони танбалу бепарво бошад, гулҳои он боғ ба зудӣ хазон мегарданд.

Тарбия ва парвариши фарзанд низ мисли парвариши гулҳои боғ аст. Вазифаи падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбияи хуб додану ба камол расонидан низ ҳаст. Аммо, мутаассифона, баъзе падару модарон аз рӯйи мақоли “Хоҷа, боғ дорӣ? Ҳа, дорам” амал мекунанд. Яъне, ба маънои фарзанд дорам, шуд. Аммо ин андешаи онҳо хатост, чунки боғбон шудӣ, пас бояд меҳнати зиёд кунӣ, то ки боғат самараи зиёд диҳад.

Саъдии бузург дар як пандаш гуфтааст: “Туро пурсанд, ки ҳунарат чист? Нагӯяндат, ки падарат кист?”.

Ё ин ки, мегӯянд:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Падари хеш шав, агар мардӣ.

Хуб мешавад, агар падару модарон дороии худро барои ба даст овардани илму дониши фарзандонашон сарф кунанд. Набояд ба онҳо телефонҳои қиммат, мошинҳои зебои хориҷӣ харанду пули зиёд барои айшу ишрат ва корҳои беҳуда сарф кунанд. Пуле, ки бо меҳнат ба даст намеояд, инсонро тамоман танбалу маишатпараст мекунад. Бигзор фарзанд дар мадди аввал хонад, дониш гирад ва соҳибкасб гардад. Ҳангоме ки хонда соҳибилм мегардад, ҷойи кори хуб ҳам насибаш мегардад ва ба қадри пулу зиндагӣ ва падару модар ҳам мерасад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст карданд, ки  Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълуму тарбияи фарзанд”-ро қабул карданд. Ҳар як падару модарро лозим аст, ки дар бораи ояндаи фарзанди худ фикр кунад ва кӯшиш намояд, ки фарзандаш хонад ва ба умеди мероси падар нагардад. Он гоҳ заҳмати волидайн самар меораду ҷамъият пеш меравад.

Гулсун Восиева,

омӯзгори МДТ “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *