Фатҳулло Фатҳуллоев “Хуҷанд” рафт

Собиқ ниммуҳофизатгари дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Бухоро»-и Ӯзбекистон Фатҳулло Фатҳуллоев ба дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, Фатҳулло Фатҳуллоев тӯли фаъолият худ дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и  Душанбе 7 карат Чемпиони Тоҷикистон, 6 карат барандаи Ҷоми Тоҷикистон, 7 маротиба ҷоизадори Шоҳҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Фатҳулло Фатҳуллоев фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2007 дар дастаи «Динамо» -и Душанбе оғоз карда, соли 2008 ба клуби “Истиқлол” гузашт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.