Фаврӣ: Чархаи дуюми Роғун ба кор даромад

Чархаи дуюми неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Рӯзи 9 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ бо ҳузури беш аз 10 ҳазор нафар сохтмончиёни неругоҳ ва меҳмонони дохилию хориҷӣ бо калимоти “Бисмиллоҳу раҳмон-ир-раҳим” бо пахши тугма расман чархаи дуюми неругоҳи Роғунро фаъол кард.

Чархаи аввали неругоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 дар маросими бошукӯҳ ба кор даромада буд.

Тибқи иттилои расмӣ чархаи аввали нерӯгоҳи «Роғун» дар шаш моҳи аввали соли равон 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

 «Роғун» аз тарҳи пурхарҷтарин дар Тоҷикистон аст. Соле миллионҳо сомонӣ барои он сарф мешавад. Манбаи харҷ аз будҷаи давлат ва пулест, ки дар оғози сохтмон аз мардум дар ивази саҳмияҳо ҷамъ кардаанд ва евробондҳое, ки ба маблағи панҷсад миллион доллар ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило С.п.А.» (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Нирӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои манотиқи Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Сарбанди обанбори Роғун бо 335 метр баландӣ бузургтарин дарғоти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи нирӯгоҳи Роғун ҳанӯз аз замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *