Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» оғоз шуд
Имрӯз, 12 декабр дар шаҳри Панҷакент Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» бахшида ба эътироф гардидани шаҳр ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» аз ҷониби Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ оғоз шуд.

Ин чорабинии муҳим бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он рушди ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии сӯзанидӯзии Панҷакент дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Меҳмонони фахрии ҳамоиш – Президенти Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал-Қаддуми, аъзои Шӯро Сандип Кумар, Соника Кҳар, Паола Манфред, Президенти Шӯрои ҳунармандии Амрикои Ҷанубӣ Керол Робертсон, директори Департаменти бозори ҷаҳонии ҳунармандӣ Надия Ҳамид, коршиноси байналмилалӣ оид ба ҳунармандӣ ва фарҳанг Надежда Здоравко ва дигар шахсони расмӣ дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент аз ҷониби муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва аҳли фарҳангу ҳунар бо нону асал, гулдаста ва сурудҳои мардумӣ истиқбол гардиданд.

Ҳамзамон, дар дидбонгоҳи гумрукии Саразм намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ҳайати ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таҳти роҳбарии раиси Ассосиатсияи ҳунармандони ин кишвар Мирзоаҳмад Расулҷон пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» беш аз 200 меҳмон ва коршинос аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Чин, Ҳиндустон, Фаронса, Италия, Туркия, Русия ва дигар кишварҳои узви ИДМ , рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар иштирок доранд.
Фестивал дар рӯзҳои наздик бо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва вохӯриҳо бо устодони сӯзанидӯзӣ идома меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ