Филиали ДДМ ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе соҳиби майдончаи муосири варзишӣ шуд

Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қаҳрамони бозиҳои олимпии 2016 Дилшод Назаров, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода, дирктори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев ва дигар намояндагон иштирок намуданд.

Тавре аз филиали донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, масоҳати умумии майдонча 1000 метри мураббаъро ташкил дода, дар он барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *