Устоди донишгоҳ ғолиби озмуни байналмилалӣ. Низомиддин Комилов кист?

Низомиддин Комилов, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 8-умин озмуни байналмилалии «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ — 2023″ иштирок намуда, пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳамасола дар доираи Лоиҳаи «Нашрияи байналмилалии китоб» озмуни «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ” бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии “Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон миёни муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои ИДМ ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ — таҳқиқотии беҳтарин ва дар амалия татбиқ намудани онҳо доир карда мешавад. Дар озмун муҳаққиқони зиёд аз кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.

Тавре ки рӯзномаи “Хатлон” хабар медиҳад, Низомиддин  Комилов бо пешниҳоди мақолаи илмӣ таҳти унвони “Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон” иштирок намуд. Ӯ  дар бахши иқтисодиёт ғолибиятро ба даст оварда,  бо медалу Дипломи дараҷаи 1-уми “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2023” қадрдонӣ гардид.

Ҳоло Низомиддин Комилов номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент буда, дар факултети молиявию иқтисодии донишгоҳи номбурда фаъолият менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *