Фирӯза Шарифӣ: Ба ҷавонони вилоят имтиёз медиҳем!

Мусоҳиба бо Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон

— Имсол 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамонро ҷашн гирифтем. Омодагии сартосарии вилоят то куҷо шуморо қонеъ кард? Аз иншооти ҷашние, дар назар дошта шуда буданд, тақрибан чанд фоизаш ба истифода дода  шуд ва оё ҳолате буд, ки ягон иншоот дар муҳлати муаяншуда бе иҷро монда бошад? Бештари иншоот ба кадом соҳаҳои ҳаётан муҳим нигаронида шудаанд?

— Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ бунёд, ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2021 ба аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, далели таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба рушду тараққиёти вилояти Хатлон мебошад.

Тибқи маълумоти аз шаҳру ноҳияҳо воридшуда, ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 7667 бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2021, дар 8224 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд, ки аз шумораи умумӣ 106,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, дар соли 2018-ум 1061 адад, соли 2019-ум 2474 адад, дар соли 2020-ум 2276 адад ва соли 2021-ум 2413 адади он ба истифода дода шуданд. Дар ҳамин замина 10630 ҷойи кори доимӣ ва 27362 ҷойи кории мавсимӣ ташкил шудааст.

— Кадом иншооти ҷашнии муҳим  ба истифода дода шуд?

— Дар соҳаи маориф бунёд ва таъмири 790 муассиса ба нақша гирифта шуда, 759 адади он ба истифода дода шудааст.

Бунёду таъмири 909  муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, дар 912 адади он корҳои сохтмонию таъмирӣ ба анҷом расиданд.

Бинову иншооти соҳаи фарҳанг 224 адад ба нақша гирифта шуда, дар 230 адад корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Инчунин,  дар соҳаи варзиш, сохтмони 546 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз дар 507 адади он корҳои сохтмонӣ ва таъмир ба анҷом расиданд. Тибқи нақша бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 564 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, аз аввали соли 2018 то инҷониб, 555 адад сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, корхона ва коргоҳҳои коркарди шир 22 адад, меваю сабзавот 24 адад, нӯшокиҳои ташнашикан 6 адад, сехҳои истеҳсоли нону қаннодӣ 76 адад, дӯзандагӣ 119 адад, дӯхти либоси мактабӣ 32 адад, қолинбофӣ 3 адад, атласбофӣ 4 адад, адрасбофӣ 5 адад, хиштбарорӣ 117 адад, сангрезакунӣ 13 адад, маҳсулоти бетони 15 адад ва дигар корхонаю коргоҳҳо 125 ададро ташкил медиҳад.

 Иншооти соҳаи кишоварзӣ 305 адад ба нақша гирифта шуда, 358 адад ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, 18 фермаи чорвопарварӣ, 20 корхонаи парандапарварӣ, 27 сардхона ва 292 гармхонаҳо мавриди баҳрабадорӣ қарор дода шуданд.

Аз 165 иншооти ба нақша гирифташудаи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 136 адад ба истифода дода шуда, аз ин 75 меҳмонхона ва 61 дӯкони ҳунармандӣ мебошанд.

Барқарорсозии роҳҳо, мумфаршкунӣ 1746 километр, аз ҷумла, 740 километр таъмири асосӣ ва 1006 километр таъмири ҷорӣ, инчунин, сангфаршкунии роҳҳо 1630 километр ба анҷом расонда шуда, сохтмон ва таъмири 179 адад пулҳо амалӣ гардидаанд. Ҳаммом 124 адад, сартарошхона 323 адад, кошонаи ҳусн 155 адад, маркази хизматрасонӣ ва савдо 1253 адад ба истифода дода шуда, 688 км хатҳои оби нӯшоки гузаронданд. Инчунин, 1157 адад дигар бинову иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аксари иншоот бо саҳм ва ҳамкории доираҳои соҳибкорони вилоят ба  анҷом расидаанд. Ба ҳамаи соҳибкорони баору номуси вилоят, ки дар иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳм гузоштаанд, Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Ободгари Ватан» тақдим карда шуд.

— Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст шуд. Дар ин озмун вилояти Хатлон чӣ дастовардҳо дорад?

— Дар 7 номинатсияи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар даври вилоятӣ 726 довталаб иштирок доштанд, ки аз онҳо 589 хонанда, 121 донишҷӯ, 14 омӯзгор ва 2 корманди касбу кори гуногун мебошанд.

Аз 726 иштирокчии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 78 нафар довталаб ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт.

Дар даври ҷумҳуриявӣ, ки соли аввал буд, 6 нафар довталаби вилояти Хатлон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Давраҳои аввал ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бошад, соли сеюм аст, ки дар вилоят дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур барои дарёфти беҳтарин падидаҳо дар саҳнаи тоҷик аз рӯи жанрҳои оҳангсозӣ, навозандагӣ ва сарояндагӣ гузаронда мешавад. Соли равон дар даври шаҳрию ноҳиявӣ 702 нафар иштирок намуда, 472 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, аз ин шумора 80 нафар довталаб ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 15 – нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва ифтихорӣ гардиданд. Ғолибони озмуни болозикр дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалб гардида, мактаби интихоб кардаашон барои насли имрӯзи ҷомеа намунаи ибрат аст.

— Ҳоло озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад, аз вилояти Хатлон дар умум чанд нафар иштирок карданд ва ҳоло дар даври навбатӣ чанд нафар мубориза бурда истодаанд?

— Озмунҳои “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” давоми се сол боз дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст, ки баҳри дарёфти падидаҳои нав, муаррифии истеъдодҳо ва ҷалби мардум ба китобу мутолиа заминаи муносиб гузошт.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даври якум, яъне моҳи май дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба таври умумӣ 25312 довталаб (22629 хонанда, 994 омӯзгор, 96 мураббӣ ва 1593 намояндаи касбу кори гуногун) иштирок намуданд.

Аз миқдори умумии иштирокунандагони даври аввал 6814 довталаб, аз ҷумла 6325 хонанда, 352  омӯзгор, 14 мураббӣ ва 123 намояндаи касбу кори гуногун ба даври шаҳрӣ ва ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Аз шумораи умумии хонандагони ба даври дуюм роҳхат гирифтагон 4866 нафар духтар мебошад, ки 77 фоизро ташкил медиҳад.

 Дар даври вилоятии озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Данғара, Ёвон, Восеъ натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд.

— Асосан, наврасону ҷавонони вилояти Хатлон ба ҷуз таҳсил боз ба кадом корҳо машғуланд?

— Маврид ба зикр аст, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ  тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани беҳтарин шароиту имконият ба ҷавонон дар самти кору таҳсил доиман дастуру супоришҳои қатъӣ дода, аз ташаббусу ибтикорони онҳо ҳамеша истиқбол менамоянд. Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони неругоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла, дар неругоҳи барқи обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла, саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.

Дар вилояти Хатлон низ ба масъалаҳои таҳсил, кору фаъолият, зисту зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзӣ диққат дода мешавад. Таъсиси стипендияи раиси вилояти Хатлон барои олимону муҳаққиқони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таълимӣ, таъсиси Ҷоизаи махсуси вилоятӣ барои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаи илмҳои тиб, табиатшиносӣ ва риёзӣ, бунёди мактабҳои варзишӣ, марказҳои ҷавонон, ташкили курсҳои махсуси омӯзишӣ аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки ба рушди ҷавонони вилоят равона карда шудааст.

Шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон 1026145 нафарро ташкил менамояд. 338636 нафар ҷавонони вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Яке аз масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад, ин таҳсили ҷавонон дар хориҷи мамлакат мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои хориҷи кишвар дар соли таҳсили 2020-2021-ум 2460 нафар ҷавон таҳсили илм доранд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 984 нафар зиёд мебошанд.

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи дастгирии кадрҳои ҷавони роҳбарикунанда диққати махсус равона гардида, 219 нафар ҷавони фаъолу кордон дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон чун роҳбар фаъолият доранд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳамаи самтҳо ҷавонон дастгирӣ меёбанд ва ин онҳоро ҳавасманд карда, саҳмгузории ҷавононро дар рушду пешрафти Тоҷикистон ва ободонию бунёдкориҳо бештар менамояд. Ин боис гардида, ки ба ҳолати имрӯз вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 238 нафар ҷавон мебошад, ки нисбат ба соли сипаригардида 138 нафар зиёд мебошад. Дар ҳайати маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо бошад, ҷавонон 765 нафар буда, нисбат ба даъвати гузашта 340 нафар бештар гардидаанд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки сол аз сол дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи ҷавонон муваффақтар мегардем ва барои онҳо имконоти бештар фароҳам оварда мешавад.

Мусоҳиб

Фазлиддин Асозода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.