Фиреби 5 ҳазор нафар. Шуҳрат Айёмов дастгир шуд

Шуҳрат Айёмов, як сокини Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт гардид.

Ба иттилои Раёсати ВКД, Айёмов соли 2022 бо мақсади ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ лоиҳаи тиҷоратии сохтаи “пирамид”-монанд бо номи «Рио ҳазукӣ» таъсис дода, беш аз 5 ҳазор шаҳрвандро фиреб додааст. Ӯ бо ваъдаи даромади калон маблағҳои пулии онҳоро аз худ намуда, ба онҳо зарари калони молиявӣ расонидааст.

Маблағи умумии зарари расонидашуда ба шаҳрвандон аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Раёсати ВКД хабар медиҳад, ки нисбати Шуҳрат Айёмов бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳамчунин ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар ҳолати расидани зарар аз ҷониби номбурда ё алоқамандӣ ба фаъолияти “Рио ҳазукӣ”, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *