Гӯшаи миллии Тоҷикистонро дар Боку оро доданд

Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯзи Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ташаббускорони он Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Академияи дипломатии Озарбойҷон мебошанд.

Тавре манбаъ зикр мекунад, дар чорабинӣ гӯшаи миллии Тоҷикистон бо риояи урфу одат ва анъанаю суннатҳои мардумӣ оро дода шуда, дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аксу мусаввараҳои минтақаҳои сайёҳии кишвар бо дарҷи таърихи бою фарҳанги пурғановати миллати қадимаи тоҷик ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ ва намуна аз либосҳои гулдӯзӣ, чакан, асбобҳои мусиқӣ ба маърази тамошои меҳмонон ва донишҷӯён гузошта шудааст.

— Дар охири чорабинӣ бо иштироки донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавоб оид ба таърихи навин, фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ  баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ҳамоиш ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев, ноиби ректор Фариз Исмаилзаде, инчунин устодону донишҷӯёни маҳаллӣ ва хориҷии он ширкат варзиданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.