Гуфтугӯи Трамп ва Зеленский: баҳси қаламрав боз боқӣ мондааст
Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп эълом кард, ки мулоқоташ бо президенти Украина Владимир Зеленский дар иёлати Флорида барои поён додан ба ҷанг дар Украина пешрафтҳои муҳим доштааст, вале чанд масъалаи калидӣ, аз ҷумла мавзӯи қаламравҳои Украина, ҳанӯз ҳал нашудааст.
Ба гуфтаи ду тараф, ин мулоқот рӯзи якшанбе баргузор шуда, ҳудуди се соат идома кардааст. Зеленский гуфт, ки бахшҳои асосии тарҳи 20-бандии сулҳ тақрибан “90 дарсад” ниҳоӣ шудаанд ва дар мавриди замонатҳои амниятии ИМА барои Украина тавофуқ ҳосил гардидааст. Трамп бошад, сатҳи мувофиқаҳоро “наздик ба 95 дарсад” арзёбӣ кардааст.
Бо вуҷуди ин, раисҷумҳури Амрико таъкид намуд, ки музокирот ҳанӯз “бисёр печида” боқӣ мемонад ва аз муайян кардани муҳлати дақиқи поёни ҷанг худдорӣ кард. Ӯ танҳо изҳор дошт, ки эҳтимол дар тӯли чанд ҳафта ба як натиҷа расидан мумкин аст.
Яке аз нуқтаҳои асосии ихтилоф, ба гуфтаи Трамп, масъалаи қаламравҳост, махсусан вазъи минтақаи Донбасс. Бар пояи иттилои расонаҳо, Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 75 дарсади вилояти Донетск ва қариб тамоми вилояти Луҳанскро таҳти назорат дорад.
Зеленский дар навбати худ мавқеи собити Киевро такрор карда, гуфт, Украина бояд ба қонун ва иродаи мардумаш эҳтиром гузорад. Қонуни асосии кишвар вогузории қаламравро танҳо тавассути ҳамапурсӣ иҷоза медиҳад ва тасмими парлумон барои ин кофӣ нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ