Гулмурод Тағоев, ягона иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар остонаи 80-солагии Рӯзи Ғалаба, Гулмурод Тағоев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро Маҳмуд Амирзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аёдат кардааст. Ҳоло Гулмурод Тағоев 101-сола аст.
Феълан дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ танҳо як нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунаду халос. Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Ғалаба аз аҳволи ӯ роҳбарияти ноҳия ва масъулини Шӯрои собиқадорони вилояти Хатлон хабардор шуданд.
Ба Гулмурод Тағоев туҳфа ва кӯмакпулӣ тақдим гардида, дар суҳбат таъкид гардид, саҳми онҳо дар ҳифзи кишвар марзу буми хеле бузург аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ