ректор

Гулзода: Донишҷӯёни ятиму маъюб дастгирӣ меёбанд

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино донишҷӯёни ятим  имтиёз доранд.

Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори донишгоҳ зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки “дар донишгоҳи мо 70 нафар ятиму нимятим ва 69 нафар маъюбони гуруҳҳои гуногун ба тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд. Онҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ пайваста дастгирӣ карда мешаванд”.

Бино ба иттилои ректор,  соли гузашта донишгоҳ 21 ихтироот вобаста ба мавзӯъҳои муҳими соҳаи тандурустӣ пешниҳод кард, ки дар чанд маҷаллаи дунё чоп шуданд.

Дастоварди илмии донишгоҳ дар ин давра 51 рисола буда, 51 фоизи омӯзгорони донишгоҳ зан ҳастанд. Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод шудааст, ки бештарашон вобаста ба ҷарроҳиҳои гуногун ва дорувориҳои зиддимикробӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *