Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Тайланд

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Баҳромзода Озар Орифӣ бо мушовири сафири Подшоҳии Тайланд дар Қазоқистон хонум Орафаи Фубунлап Гунасилан баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, миёни ҷонибҳо гуфтугӯи самимӣ сурат гирифта, муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар, аз қабили баргузории як қатор чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ, боздид аз мавзеъҳои таъриҳию фарҳангии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

— Мулоқоти ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *