Хадамоти алоқа сабаби паст будани сифати интернетро шарҳ дод
Исфандиёр Саъдуллозода, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон афзоиши талабот ба интернетро сабаби асосии паст будани сифати интернет дар кишвар унвон кард.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 28 январ изҳор дошт, ки дар панҷ соли охир ҳаҷми истифодаи интернет дар Тоҷикистон даҳ баробар афзуда, аз 3 гигабайт то 30 гигабайт расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолат боиси сарбории зиёди истгоҳҳои базавии операторони мобилӣ гардидааст.
Ҳамзамон, Исфандиёри Саъдулло иттилоъ дод, ки нақшаи насби пойгоҳҳои базавии насли панҷуми алоқа (5G) дар Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шудааст. Тибқи ин нақша, дар 65 шаҳру ноҳияи кишвар бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ пойгоҳҳои базавии стандарти 5G насб хоҳанд шуд.
Ба таъкиди масъулин, татбиқи ин тарҳ ба беҳтар гардидани сифати интернет ва баланд бардоштани суръати алоқаи мобилӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ