Халид ал-Сувалайҳ  Асрорзодаро ба Арабистони Саудӣ даъват кард

Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тибқи шартномаи ҳамкорӣ ҳамасола имкон дорад, ки чор бурсия барои донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад. Дар ин бора намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ зимни дидору суҳбат бо ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода иброз дошт.

Бино бар иттилои масъулини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, 15 июни соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ аз ин муассисаи олӣ дидан намуданд.

Зимни суҳбат ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода бо меҳмонон, ҷонибҳо масоили мубрами омодасозии муштараки кадрҳо, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ бо таъмини идрорпулии муайян ва таъмини шароити мусоиди будубошро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, мусоҳибон ҷиҳати бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир ба масоили болозикр ба мувофиқа расиданд. Масъалаи  дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии донишгоҳ муҳокима карда шудааст.

Халид ал-Сувалайҳ аз  Убайдулло Асрорзода  даъват ба амал овард, ки дар вақтҳои барояш мувофиқ ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, аз Академия дидан намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *