Халисапазӣ дар Бухоро (Видео)

Халиса хӯроки қадима ва маъмулӣ дар Бухоро аст. Дар Самарқанд, Хоразм, Тошканд ва Фарғона низ аҳён-аҳён халиса мепазанд.

Халиса дар маросимҳои шодӣ, зодрӯз ва агар шахс нияте карда бошад, барои амалӣ шудани ин нияташ тайёр карда мешавад ва ба мардуми маҳалла, хешу табор ёру дӯстон фиристода мешавад.

Яҳудиёни Бухоро низ дар Ню-Йорк, Телавив, Иерусалим ва дигар шаҳрҳое, ки сокини он мебошанд, халиса мепазанд. Дар Тоҷикстон, махсусан шаҳри Душанбе бухориён дар иди Наврӯз ва дигар ҷашну маросимҳо халиса мепазанд.

Ҳоло мо ба хонандагони сомонаи «Тоҷикистон-pressa.tj» ва «Оила» халисапазии мардуми деҳаи Ҳалвогарони ноҳияи Рометани вилояти Бухороро пешкаш мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *