Зани серҷоғ

Зану шавҳар якҷоя дар қатора мераванд. Зан дар муддати се соат бе танаффус бо шавҳараш муноқиша мекунад. Шавҳар барои сигоркашӣ аз купе мебарояд. Дар ин асно нафаре аз купеи ҳампаҳлу низ ба роҳрави қатора мебарояд. Мард ба шавҳари зан мегӯяд:
-Гӯш кунед, завҷаи шумо бемории асаб дорад. Ман равоншинос ҳастам, шумо ба шаҳр биёед, ӯро дар давоми як ҳафта бар ивази 500 доллар табобат мекунам.
Шавҳар дар ҷавоб:
-Ташаккур, вале мо ба шаҳри дигаре равона ҳастем, ки он ҷо занамро ҳамагӣ бар ивази 100 доллар мепаронанд.

Тут ё бед?

Ҷавоне духтари дӯстдоштаашро ба мулоқоти ошиқона даъват мекунад. Ҳарчанд интизор мешавад, аз арӯсаш дарак намешавад. Ҷавон сари девори хонаи арӯс баромада, аз болои дарахти бед ҳавлии онҳоро тамошо карда мешинад. Баногаҳ падари духтар ҷавонро дида, садо баланд мекунад:
-Ҳой бача, дар болои дарахти мо чӣ кор мекунӣ?
Ҷавон дар ҷавоб:
-Тут хӯрда истодаам!
Падари духтар боз мегӯяд:
-Чӣ хел тут, охир, ин дарахти бед аст…
Ҷавон мегӯяд:
-Бахилӣ накунед амак, якто нимто ёфта, хӯрда истодаам.

Посухи падар

Муаллима дар рӯзномаи толибилм менависад:
-Писари шумо ҳеҷ чизро намедонад!
Падари толибилм дар ҷавоби муаллима менависад:
-Барои ҳамин ман ӯро ба мактаб равон мекунам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *