“Хандинкамон” аз мушкилоти маъшуқабозӣ гуфт

Саҳнаи нави гуруҳи “Хандинкамон” бо номи “Меҳмони нав” нашр шуд.

Сужаи “Меҳмони нав” мушкили маъшуқабозии раисонро бозгӯ карда, ин амали мансабдоронро мазаммат мекунад. Дар саҳнаи мазкур нишон дода мешавад, ки котиба аз раисаш кӯдак таваллуд мекунад ва шаб хонаи ӯ омада, бо имову ишораи танҳо ба ҳардуяшон фаҳмо таҳдид мекунад, ки хонаву алиментпулӣ диҳад, вагарна сирашонро фош мекунад.

Ҳамин тавр, дар охир зани раис аз амали зишти шавҳараш бо котиба бохабар шуда, раисро аз хона бо либосҳои шабхобрав пеш мекунад.

Ин мушкилест, ки бо вуҷуди мувофиқи қонунгузорӣ манъ будани дузанагӣ мутаассифона дар ҷомеаи мо ҷой дорад ва ин гурӯҳи ҳаҷвӣ то андозае кӯшиш кардаанд, ки доир ба ин проблема чизе гуфта бошанд.

Мутаассифона, ин саҳна хеле кам ҷомаи ҳаҷв ба бар кардааст, балки мисли саҳнаи тарбиявии хушку холӣ баромадааст, вале ба ҳар ҳол хуб аст, ки ҳаҷвнигорони мо аз мушкилоти рӯз мегӯянд ва то андозае дар рафъи онҳо саҳм мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *