Хатлон: дар панҷ моҳ 49 нафар ғарқ шудаанд

Дар панҷ моҳи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 49 ҳолати марги шаҳрвандон бар асари ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, шумораи зиёди ҳалокшудагонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла, аз шумораи умумӣ 19 нафар аз 1 то 3 сола, 4 нафар аз 4 то 6 сола, 11 нафар аз 7 то 14 сола, 6 нафар аз 15 то 18 сола буда, 5 нафари дигар ҷавонон ва 4 нафар калонсолон мебошанд.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳо, дар қаламрави вилояти Хатлон амалиёти профилактикӣ таҳти унвони “Наҷот” идома дорад.

Дар доираи ин амалиёт кормандони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба мавзеъҳои хавфноки соҳили каналҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо сафарбар гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда анҷом медиҳанд.

Мақомот аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки зимни саёҳат ва оббозӣ нисбат ба фарзандон ва дигарон бетараф набошанд ва қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *