Хатлон: Рӯзи кормандони тиб таҷлил карда шуд
Дар вилояти Хатлон Рӯзи кормандони тиб таҷлил карда шуд. Дар ҳамоиши тантанавӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва табибону собиқадорон иштирок карданд.
Дар ин рӯз шаш нафар, Шокир Муродов аз беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов, Сафаралӣ Холов, духтури шабакаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар,
Бурҳониддин Халилов, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон,
Бобоҷон Ғуломзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара, Анварбӣ Қонунова, духтури беморхонаи шаҳри Кӯлоб ва Неъматулло Шарофов, мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Муъмимобод соҳиби ҷоизаи Ворисони Сино гардиданд.
Ҳамчунин, Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг беҳтарин муассиса, Диловар Шарипов, табиби сол аз Беморхонаи Данғара, Сабзагул Саидова беҳтарин корманди миёнаи тибби сол аз шабакаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Левакант, Юсуф Абдураҳмонов, ҷоизаи беҳтарин дастоварди соҳаи тиб аз Беморхонаи саратаншиносии вилояти Хатлон дониста шуданд. Дар ин рӯз, 28 нафар соҳиби Сипосномаи Мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ