Хатлон. Суҳбати Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъин

Ҳафтаи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Балҷувон таъиноти кадрӣ сурат гирифт. Дар мувофиқа бо Президенти кишвар ва бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои мавриди назар мутахассисони ҷавону донишманд ба вазифаи муовини раис таъин шуданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ таъингардида суҳбат намудааст.
Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон:

  • Чиллазода Холаҳмади Қарахон – муовини якуми раиси шаҳри Левакант;
  • Хоҷазода Амиралӣ Хоҷа – муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
  • Шерализода Искандар Шералӣ – муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун;
  • Баротзода Шарифхон Маҳмадхон – муовини раиси шаҳри Левакант;
  • Маҷидзода Фотима Бухорӣ – муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
  • Аҳлиддини Абдуҷалил – муовини раиси ноҳияи Шаҳритус;
  • Юсуфзода Изатулло Абдулло – муовини раиси ноҳияи Балҷувон;
  • Шарифзода Рустам Сангимурод – муовини раиси ноҳияи Ёвон аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъин гардиданд.
    Давлаталӣ Саид дар суҳбат ба онҳо дастур додааст, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд.
    Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбат ба зердастон серталаб бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *