Холмаҳмад Чиллазода муовини аввали шаҳрдори Левакант таъин шуд

Холмаҳмад Чиллазода муовини аввали раиси шаҳри Левакант таъин шудааст. Ин таъинот дар мувофиқа бо Роҳбари давлат сурат гирифтааст.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба Pressa.tj гуфтанд, ки имрӯз, 16 январи соли равон, Холмаҳмад Чиллазода муовини аввали раиси шаҳр таъин шудааст.
Таъин гардидани ӯ дар ин вазифа бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва розигии раиси вилояти Хатлон сурат гирифтааст.
Шаҳрдори Леваканти вилояти Хатлон беш аз як соли охир як муовин дошт ва ҷойи муовини аввал холи буд.
Холмаҳмад Чиллазода мутахассиси хуби иқтисоду молия буда, таҷрибаи хуби кор дар ниҳодҳои молияи вилояти Хатлонро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *