Хонандагон аз 21 то 31-уми март таътил мекунанд, аммо бояд китоби бадеӣ хонанд

Аз 21 то 31-уми март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин, ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд.

— Таътил барои хонандагон бо мақсади истироҳат муқаррар шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки хонандагон ин давраро фақат бо тамошои телевизор ва бозӣ кардан дар кӯча гузаронанд. Падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро  ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин, роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд. Инчунин, ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.