Хуросон. Фолбинӣ бо усули қуръакашӣ

Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Бобомурод Камоловро барои фолбинӣ боздошт кардаанд.

Ба иттилои расида Камолов Бобомурод Зулмуродович, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Бандари ноҳияи Хуросон ҳангоми машғул будан ба амалҳои ба қавли худаш «гарму хунуккунӣ» ва «фолкушоӣ», бар ивази маблағҳои пулӣ аз боздошт гардидааст.

Ин марди соҳир дар манзили истиқоматиаш занҳоро қабул карда, гӯё барои кушодани бахт, бо усули қуръа андохтан аз ҳар гуна китобҳои барои сеҳру ҷоду пебинишуда, кушоиши кор ва табобати бемориҳои дар вуҷудашон буда, ба онҳо тумору таштоб медодааст.

Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии дастгиршуда як қатор ашё ва китобҳои барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Дастгиршуда Бобомурод Камолов тамоман дониши тиббиву динӣ надоштааст ва танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ даст ба кирдорҳои мардумфиребона мезадааст.

Вобаста ба далели ошкоргардида нисбати Бобомурод Камолов тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *