Хушвахтзода

Хушвахтзода масъалаи ҳамкорӣ бо «Макромайн»-ро баррасӣ кард

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон бо директори ширкати «Макромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои ДМТ, дар мулоқот ҷонибҳо мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи геология табодули афкор намудаанд.

Гуфта мешавад, ки Қобилҷон Хушвахтзода оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ташкили роҳҳои нави ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо ширкати «Макромайн» суханронӣ намудааст.

— Дар идомаи мулоқот ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи ККФ, корҳои маркшейдерӣ, инчунин, ташкили синфхонаҳои илмию таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва таъмини донишҷӯён бо ҷойи кор баррасӣ шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *