Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар Кӯлоб

Пахтакорони шаҳри Кӯлоб нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро карданд.
Имсол дурнамо 6000 тонна муайян шуда буд ва кишоварзон нақшаро 100 дарсад иҷро карданд.
25-уми ноябри соли равон, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб дар маросими ҳавасмандгардонии масъулини хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим карданд.
Пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои нақша ҳануз 5 ноябр мужда дода буданд.
Вале ноҳияҳои Фархор – 66, Восеъ – 55 ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 40 фоиз нақшаро таъмин кардаанд ва ҷамъоварии пахта ҳанӯз идома дорад
Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 258 ҳазору 934 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 106 ҳазору 388 тонна зиёдтар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *