Идомаи қазияи “Крокус”. Танҳо як нафар аз кирдораш изҳори пушаймонӣ кард
Яке аз муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл”, ки 22 марти соли 2024 сурат гирифт, аз кирдору гуноҳаш изҳори пушаймонӣ кардааст.
Тибқи маводи парванда, ки хабаргузории ТАСС ба он дастрасӣ пайдо кардааст, Фаридун Шамсидин, шаҳрванди Тоҷикистон ягона нафари иштироккунанда дар ҳамла аст, ки ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда ва аз кардааш изҳори пушаймонӣ намудааст.
Дар ҳамин ҳол, се нафари дигари муттаҳам – Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода ва Далерҷон Мирзоев, гарчанде ба даст доштан дар ҳамла иқрор шудаанд, аммо аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ накардаанд.
Фаридун Шамсидин, ки қаблан дар рустои Лоёбии вилояти Хатлони Тоҷикистон бо аҳли оила зиндагӣ мекард, пеш аз анҷоми ҳамла борҳо барои омодасозии он ба толори “Крокус” омада буд. Ӯ ҳатто дар пасманзари овезаи гурӯҳи мусиқии “Пикник”, ки дар рӯзи ҳамла қарор буд ҳунарнамоӣ кунад, тасвир шудааст.
Вакили дифоъ Игор Трунов, ки 95 нафар аз ҷабрдидагонро дар ин парванда намояндагӣ мекунад, воқеияти ин маълумотро тасдиқ кардааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ин ҳамла 149 нафар кушта, як нафар бедарак ва 609 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ҳаҷми зарари умумӣ тақрибан 6 миллиард рубл арзёбӣ шудааст.
Чаҳор гумонбари аслӣ пас аз ҳамла талош карданд ба Украина фирор кунанд, аммо дар вилояти Брянск боздошт ва ба Маскав интиқол дода шуданд. Бархе аз дигар ҳамдастони онҳо низ ҳангоми талоши фирор боздошт гардиданд.
Ҳоло парвандаи ҷиноӣ алайҳи 19 нафар муттаҳам ба додситонӣ ирсол шудааст. Нисбат ба ду созмондиҳандаи асосӣ ва чор узви дигар таҳқиқот идома дорад. Ҳамаи муттаҳамин ба рӯйхати террористони Федератсияи Русия шомил гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ