Таъмиру бозсозии китобхонаи вилояти Хатлон

Имрӯз, 30 июн Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дидан кард.

Дар доираи эълон гардидани соли 2025  «Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон, китохонаи мавриди назар пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад. Дар назар аст, ки  Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ба талаботи замони муосир мутобиқ карда мешавад.

Китобхона бо харҷи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат”  таъмиру бозсозӣ карда хоҳад шуд.

Давлаталӣ Саид зимни боздид аз корҳои сохтмонӣ дар китобхонаи мавриди назар, ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани таъмир ва фаъолияти назаррас дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон 492 китобхона, аз ҷумла 3 китобхонаи вилоятӣ, 25 китобхонаи марказӣ, 25 китобхона-филиали шаҳрӣ, 413 китобхона-филиали деҳотӣ ва 26 китобхонаи бачагона бо хазинаи умумии 2 миллиону 554 ҳазору  843 нусха китоб фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *