Саноати ВМКБ дар  рақамҳо

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1993 панҷ баробар зиёд аст. Дар ин бора 28 июн Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят изҳор дошт.

Ба таъкиди Сарвари давлат, танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 дар ҳудуди вилоят 45 корхонаву коргоҳи нав таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзоиш ёфтааст.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ВМКБ аз 13 ба 183 адад ва номгӯи маҳсулоти саноатӣ аз 10 ба 70 намуд расонида шудааст.

 Ин нишондодҳо бозгӯи рушди соҳаи саноат дар минтақа ба ҳисоб мераванд.

Бо вуҷуди ин пешрафтҳо, Сарвари давлат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дод, ки ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва рушди содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сарвари давлат афзуд, ки рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои калидии амалӣ намудани ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат, таъмин бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *