Идомаи сафари Президент. Ифтитоҳи гармхона дар ноҳияи Рӯшон

Имрӯз, 26 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия дидан кард.

Бино ба иттили дафтари матбуоти Сарвари давлат, гармхонаро соҳибкори ватанӣ Руслан Сайнаков дар масоҳати 0,64 гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст.

Ҳоло дар гармхона асосан бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ парвариш меёбад. Сабзавот дар гармхона ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад.

Гармхона аз 6 қисм иборат буда, дар 1 сол аз он 30 тонна сабзавоти гуногун истеҳсол карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *