Ифтитоҳи қисми ҳарбии 3502 ва маркази инноватсионии ВКД
Имрӯз, 10 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ ва маркази нави инноватсионии Вазорати корҳои дохилӣ – маркази омодасозии мутахассисони ҷавон бо технологияҳои рақамӣ ва дронҳоро ифтитоҳ карданд.
Ин марказ бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ва муосир барои тақвияти амният, омодасозии кадрҳои ҷавон ва рушди инноватсия дар сохтори ВКД хизмат мекунад.
“Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз гардид”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст. Он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
“Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Зимни боздид аз маркази нави инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар марказ мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ