Ифтитоҳи корхонаи орд ва истеҳсоли макарон дар Ҷалолиддини Балхӣ

Имрӯз, 25 декабр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизов ва Корхонаи макарони «Руми Паста» ифтитоҳ ёфт.

Корхонаи орд аз ҷониби Корпоратсияи «Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна коркарди ғалларо ташкил медиҳад.

Ғалла аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, қабл аз коркард дар озмоишгоҳи махсуси корхона мавриди ташхиси сифат қарор дода мешавад.

Барои таъмини мустақими воридоти ғалла, корхона ба хатти роҳи оҳан пайваст буда, дорои ду анбори муосири нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши умумии 50 ҳазор тонна мебошад.

Дар корхонаи орд ба номи Маҷид Ҳафизов 150 мутахассиси маҳаллӣ дар ду баст бо кор таъмин гардида, барои онҳо шароити муносибу муосири корӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир буда, раванди истеҳсолот аз коркарди ашёи хом то бастубанди маҳсулоти тайёр тавассути се хатти автоматии банду баст анҷом дода мешавад.

Маҳсулоти корхона таҳти бренди Балхӣ дар борхалтаҳои 50 ва 10 килограммӣ истеҳсол гардида, асосан ба бозори дохилӣ пешниҳод мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *