Ифтитоҳи нимпайкараи Рӯдакӣ дар Маскав

Дар институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи  М.В. Ломоносов нимпайкараи Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.

Дар маросими ифтитоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В Ломоносов В.А.Садовничий, директори Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Африқо И.И. Абилгазиев, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Руссия Маҳдӣ Саноӣ, Мушовир-намояндаи ваколатдори муваққатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Федератсияи Русия Моҳтоат Ҳумоюн, Мушовири сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Шараф Раҳимов, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро Виктор Антонович Садовничий бо чунин суханон оғоз кард: «Имрӯз рӯзи хуб аст, ид аст. Сафири фавқулодда ва ваколатдори Эрон дар Русия Маҳдӣ  Саноӣ бинобар ба итмом расидани мӯҳлати намояндагии дипломатиаш дар Маскав ҳайкали шоири барҷаста Рӯдакиро ба Донишгоҳи Маскав тақдим кард”.

Ба гуфтаи вай,  «Падари шеъри форсӣ» дар ташаккули фарҳанги тамоми минтақа нақши бузург бозида ва миллатҳою фарҳанги минтақаро муттаҳид кардааст. Шеърҳои Рӯдакӣ ҷовидонаанду барои халқ ва тамоми фарҳанги ҷаҳонӣ муҳим мебошанд.

Дар идомаи суханаш Садовничний гуфт: “Барои мо ин тӯҳфа арзишманд аст, зеро мо дар бинои Донишкадаи давлатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ҳастем. Ҳамаи донишҷӯён ҳам дар таҳсил ва ҳам дар таҳқиқоти илмӣ бо ин қабати бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ тамос мегиранд. Мо миннатдорем, ки ин тӯҳфа рамзи дӯстии мо хоҳад буд. Мо кори бузургеро дар ҳамгироии намояндагони сафоратхо бо кишварҳо анҷом медиҳем. Бо дархости президент дар Тоҷикистон филиал таъсис дода шуд. Дар филиал забони русӣ фаъолона омӯхта мешавад, зеро он воситаи иртибот ва ҳамкорӣ мебошад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *